Пешниҳоди номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи севуми сентябр
Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар конгираи ҳизби хеш, ки рӯзи севуми сентябр баргузор мегардад, номзади ин ҳизбро барои интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябр расман пешниҳод хоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, тасмими баргузории конгираи ин ҳизб дар нишасти ахири кумитаи марказии он ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва раиси Хизби халқии демократӣ гирифта шуд.
Дар ин нишаст таъкид гардидааст, ки Раҳмон тамомии барномаҳои ваъдадодаи худро ба унвони раиси ҷумҳурӣ ва раиси Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон таи ҳафт соли ахир иҷро кардааст.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис шуда ва дорои 500 ҳазор узв аст.
Аксари намояндагони маҷолиси миллӣ ва қонунгузорӣ, шуроҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон узви ин ҳизб мебошанд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри 2020 баргузор хоҳад шуд.
Ҳизбҳои сиёсӣ, Иттиҳодияи ҷавонон, шуроҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе метавонанд номзадҳои худро барои ширкат дар ин интихобот пешниҳод кунанд.