Август 11, 2020 09:44 Asia/Dushanbe
  • Содироти 33 ҳазор тонна нахи апахта аз Тоҷикистон

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз содироти 33 ҳазор тонна нахи пахта аз ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, арзиши содироти ин миқдор нахи пахта 46 миллиону 300 ҳазор доллар эълом шудааст.

Аммо дар маҷмуъ содироти нахи пахта ва маҳсулоти бофандагӣ дар нимаи нахусти соли 2020 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 14 аз даҳ ҳафт  дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон қаблан пахтаи ин кишвар ба Русия, Чин, Туркия ва кишварҳои каронаи дарёи Балтика содир мешуд, аммо ба далели густариши вируси корона ва маҳдудиятҳои транзитӣ, содироти ин маҳсул коҳиш ёфтааст.

Масири дигари содироти пахтаи Тоҷикистон кишвари Афғонистон аст, ки ба далели кам будани корхонаҳои бофандагӣ дар ин кишвар бахши асосии пахтаи содиротии Тоҷикистон аз ин тариқ ба Покистон мунтақил мешавад.

 

Барчасп