Ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон
Август 11, 2020 13:07 Asia/Dushanbe
Бо тасмими Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон 68 ҳавзаи интихоботӣ дар кишвар ташкил мешавад.
Ба гузориши Садои Хуросон ва ба нақл аз Ховар, ин тасмим дар қолаби барномаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ҳайати раиса, муовин ва дабири комисиюнҳои ҳавзаҳои интихоботӣ дар ояндаи наздик кори худро оғоз хоҳанд кард.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст 11 октябр баргузор шавад.
Барчасп