Оғози сохтмони бинои нави Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва иштиғол дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон
(last modified 2020-08-11T10:41:20+00:00 )
Август 11, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохтмони бинои нави Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва иштиғол дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон

Сохтмони бинои нави Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Бадахшон дубора оғоз ёфт.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, сохти ин бино аз соли 2010 оғоз шуд , аммо ба далели камбуди будҷа сохти он мутаваққиф шуд. 
 
Ҳазинаи сохтмони нав 3 миллиону 680 ҳазор сомонӣ аст ва қарор аст то сентябри соли  2020 баҳрабардорӣ шавад. 
 
 Бинои нав ду табақаи идорӣ ва омӯзишӣ дорад. 
 Ба гуфтаи Банафша Мамадбекова, сардори Раёсати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон, айни замон дар сохтмон 16 нафар кор мекунанд, ки дар оянда шумораи онҳо ба 30 нафар хоҳад расид.