Осмони Тоҷикистон шиҳобборон мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56426-Осмони_Тоҷикистон_шиҳобборон_мешавад
Осмони Тоҷикистон панҷшанбешаби 13 август шиҳобборон мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 12, 2020 20:09 Asia/Dushanbe
  • Осмони Тоҷикистон шиҳобборон мешавад

Осмони Тоҷикистон панҷшанбешаби 13 август шиҳобборон мешавад.

Ба гузориши Академияи улуми Тоҷикистон, дар панҷшанбешаби 13 август мардуми Тоҷикистон метавонанд бо чашми ғайримусаллаҳ бориши шиҳобсангҳоро дар осмон тамошо кунанд.

Академияи улуми Тоҷикистон эълом кардааст, барои мушоҳидаи ин рӯйдоди илмӣ ниёз ба макони хосе нест ва бештари сокинони нимкураи шимолии Замин метавонанд онро тамошо кунанд.