Август 12, 2020 20:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди мубталоён ба корона дар вилояти Суғд

Мақомоти идораи тандурустии вилояти Суғд аз афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ин минтақа дар як моҳи ахир хабар додаанд.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, бо вуҷуди таъйиди афзоиши теъдоди афроди мубтало ба Ковид - 19 дар шимоли Тоҷикистон, дар бораи омори дақиқи ин беморон гузориши дақиқе ироа нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд бо истинод ба гузориши Маъруф Ҳоҷибоев, муовини идораи тандурустии вилояти Суғд, аз афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар маркази вилояти Суғд хабар додааст.

Ҳамарӯза 8 то 10 нафар аз сокинони шимоли Тоҷикистон дар ду бемористони шаҳри Хуҷанд ба гумони мубтало шудан ба бемории Ковид-19 бистарӣ мешаванд, ки қаблан ин омор ду то се нафар буд.

Ҳамчунин тадобири назоратӣ бар ҳамлунақли умумӣ дар ин минтақа ташдид ва посгоҳҳои ҷадиди полис дар вурудии ноҳияҳои Ашт, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов барпо шудааст.

Бархе коршиносон афзоиши теъдоди афроди мубтало ба Ковид -19 дар вилояти Суғдро оғози мавҷи дувуми ин беморӣ медонанд.