Август 14, 2020 20:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Русия бар тавсеаи равобити ду кишвар

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,«Сироҷиддин Меҳриддин» вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо «Андрей Рудеко» муовини вазири умури хориҷаи Русия мулоқот кард. 
 
 Дар ин дидор, масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. 
 
Дар ин ҷаласа бар тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, низомӣ, низомӣ – фаннӣ ва ғайра таъкид шуд. 
 
Ду тараф перомуни ҳамкории Душанбе ва Москва дар чорчӯби қавонини Созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҳамсуд, Созмон Ҳамкории Шанхай, Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони амният ва ҳамкории Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.

Барчасп