Афзоиши теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон ва талоши мақомоти ин кишвар барои ислоҳи қонунҳои ҷазоӣ
(last modified 2020-08-15T16:05:20+00:00 )
Август 15, 2020 21:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон ва талоши мақомоти ин кишвар барои ислоҳи қонунҳои ҷазоӣ

Теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, мақомот эътироф мекунанд, ки қонунҳои ҷазоии феълӣ таъсири зиёде дар пешгирӣ аз афзоиши ҷурм надорад ба ҳамин далел давлати Тоҷикистон тасмим гирифт то соли 2030 қавонини ҷазоиро ислоҳ ва рӯзомад кунад.

Вазъияти иштиғоли маҳкумин, боло рафтани ҳазинаҳои дармон ба иллати шуйюи бемориҳои сироятӣ дар байни зиндониён ва афзоиши ҳазинаҳои нигаҳдорӣ аз ҷумла мушкилоти теъдоди зиёди маҳкумон барои давлат аст.

Бар асоси омор фақат 20 дарсади зиндониён дар Тоҷикистон машғул бакор ҳастанд вале ба далели поин будани сифати маҳсулоти тавлидӣ, муштарии зиёде барои хариди ҷинсҳои онҳо дар бозор нест.

Ҳудуди 750 зиндонӣ ҳам дар Тоҷикистон мубтало ба сил ва 218 зиндонӣ дар ин кишвар ба беморӣ СПИД мубтало ҳастанд. Коршиносон эълом мекунанд тароҳии сохтмони зиндонҳои Тоҷикистон низ фоқиди усули илмӣ ва бисёр фарсуда ва қадимӣ аст, ки ин мавзӯъ бо афзоиши рӯзафзӯни зиндониёне, ки ба ҳабсҳое тӯлонимуддат ё умрбарбод маҳкум мешаванд ҳамхонӣ надорад ва барои масъулони зиндон низ мушкилоти зиёде эҷод кардааст.