Август 19, 2020 19:43 Asia/Dushanbe
  • Эътирозоти Беларус ва дархости Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз мардум

Ду узви Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар дидор бо сокинони маркази вилояти Хатлон хостори зиракии сиёсии онон дар баробари "таҳрикоти душманони миллат" шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Махфират Хидирзода ва Меъроҷ Раҳимзода, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар ин дидор бо баршумурдани аҳамияти баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар рӯзи 11 октябр аз сокинони шаҳри Бохтар хостаанд, ки таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, ки асли интихоботро зери савол мебаранд, қарор нагиранд.

Онон бо ишора ба бархе аз иттифоқоти ахир аз ҷумла эътирозот дар Беларус ба натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳҳои дар хориҷ аз Тоҷикистон талош мекунанд бо сӯистифода аз ин таҳаввулот мардумро нисбат ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бадбин созанд.

Ба гуфтаи Хидирзода ва Меъроҷзода, гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷ аз Тоҷикистон тағйири замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз якшанбе аввали моҳи ноябр ба рӯзи 11 октябри имсолро баҳонае кардаанд то интихоботро ғайриқонунӣ ҷилва диҳанд.

Бар асоси тасмими муштараки маҷолиси миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон шашумин интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар зудтар аз замони интихоботи қаблӣ, ки якшанбе аввали моҳи ноябр буд, рӯзи 11 октябр баргузор мегардад.

 

Барчасп