Ифтитоҳи чандин тарҳи умронӣ ва фарҳангӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56732-Ифтитоҳи_чандин_тарҳи_умронӣ_ва_фарҳангӣ_бо_ҳузури_Эмомалӣ_Раҳмон_дар_Хоруғ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар боздид аз шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин тарҳи умронӣ ва фарҳангиро ифтитоҳ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 22, 2020 09:17 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи чандин тарҳи умронӣ ва фарҳангӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар боздид аз шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин тарҳи умронӣ ва фарҳангиро ифтитоҳ кард.

Ба гузориши сомонаи интернетии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муҳиммтарини ин тарҳҳо оғози сохти пули иртиботии 200 метрӣ рӯйи рӯдхонаи Ғунд буд.

Ин пули ҷадид бо арзи 15 метр сеюмин пуле хоҳад буд, ки ду тарафи шаҳри Хоруғ дар канори рӯдхонаи Ғундро ба ҳам васл мекунад ва аз шиддати тарофик дар шаҳр мекоҳад.

Ин проектро ширкати туркии “Temelsu International Service Pink" бомушорикати давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ иҷро мекунад.

Илова бар тарҳи оғози сохти пул, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими баҳрабардорӣ аз коргоҳҳои тавлидӣ, варзишгоҳ, толори театр, мадраса ва бонк дар шаҳри Хоруғ ширкат кард.

Вай ҳамчунин зимни дидор бо гурӯҳе аз маълулони сокини нуқоти мухталифи Бадахшон ҳадияҳоеро ба онон эъто кард.