Август 22, 2020 14:20 Asia/Dushanbe
  • Тардиди Ҳизби сотсиал-демократ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мураддад будани аъзои ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябри имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сафҳаи Раҳматуллоҳ Зоиров дар Фейсбук, вай пас аз сафари ду ҳафтаӣ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва дидор бо аъзои ҳизбаш гуфтааст, ки ду созмон дар вилоятҳо ва 15 созмон дар шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон мухолифи ширкати аъзои ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол дар ин кишвар мебошанд.

Зоиров афзудааст, ҳашт созмони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ хостори таҳрими интихоботи раёсатҷумҳурӣ шудаанд.

Вай иллати мухолифат бо ширкати аъзои ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсолро тағйири замони баргузории ин интихобот унвон кардааст.

Ба гуфтаи Зоиров дар бораи ширкат кардан ё накардани аъзои Ҳизби сотсиал-демократ дар ин интихобот дар конгреси ҳизбӣ, ки авохири моҳи август баргузор мегардад, тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Бар  асоси қонуни интихобот дар раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳар номзад бояд 210 ҳазор имзои таъйидшудаи сокинони ин кишварро барои сабти ном ҷамъоварӣ намояд.

 

Барчасп