Номзади ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мушаххас шуд
(last modified Sat, 22 Aug 2020 13:44:42 GMT )
Август 22, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Номзади ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мушаххас шуд

Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба унвони номзади ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, 51 нафар аз аъзои ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон имрӯз дар конгресси ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе Абдулҳалим Ғаффоров раис ин ҳизбро ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 11 октябр пешниҳод карданд. 
 
Абдулҳалим Ғаффоров намояндаи маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон аст, ки дар солҳои 2006 ва 2013 низ дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кардааст. 
 Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон қаблан эълом карда буд, ки аввлавияти ӯ масоили иҷтимоӣ аст. 
 
Ба гуфтаи Ғаффоров мизони ҳуқуқи бознишастагон дар Тоҷикстон ночиз буда ва барои афзоиши ҳуқуқи онҳо ниёз ба афзоиши теъдоди корхонаҳои санъати фароварӣ аст , дар сурте, ки ҳамакнун 75 дар сад аз захоири маодини ин кишвар ба сурати хом ба хориҷ содир мешавад. 
 
Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мӯътақид аст бо сохти корхонаҳои фароварии ин захоир дар дохили кишвар метавон барои ҳазорон нафар иштиғол эҷод кард. 
 
Абдулҳалим Ғаффоров ҳамчунин сохти метро дар шаҳри Душанберо аз барномаҳои худ барои пойтахти Тоҷикистон эълом кардааст. 
 
То ба ҳол руасои аҳзоби кишоварзӣ ва сотсиалистии Тоҷикистон, ки ҳар ду намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар ҳастанд, ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.