Номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон низ муъаррифӣ шуд
(last modified 2020-08-23T13:32:51+00:00 )
Август 23, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон низ муъаррифӣ шуд

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба унвони номзади ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пешниҳод шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар конгираи ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи якшанбе Саидҷаъфар Усмонзода раиси ин ҳизбро ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябр пешниҳод карданд.

Усмонзода дар ҳоли ҳозир намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аст.

Вай дар соли 2013 низ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кард ва наздик ба ду дарсади овозҳоро касб карда буд.

Усмонзода ҳадафи аслии барномаи интихоботии хешро рушду пешрафти Тоҷикистон эълом кардааст.

Вай гуфтааст, ки дар барномаи Ҳизби демократи Тоҷикистон барои рақобатҳои интихоботи 11 октябр масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равобити хориҷӣ ва таъмини амнияти миллии кишвар дар авлавият қарор дорад.

То ба ҳол раисони ҳизбҳои кишоварзӣ ва сотсиалисти Тоҷикистон, ки ҳар ду намояндаи Маҷлиси қонунгузорӣ ҳастанд, ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мегардад.

Барчасп