Раиси ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам номзади раёсати ҷумҳурӣ шуд
(last modified Mon, 24 Aug 2020 15:59:45 GMT )
Август 24, 2020 20:59 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам номзади раёсати ҷумҳурӣ шуд

Раиси ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба унвони номзади ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муаррифӣ шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар , дар кунгураи ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе аъзои  ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон  Рустами Раҳматзода  раиси ин ҳизбро ба унвони номзади интихоботии раёсати ҷумҳурии 11 октябр пешниҳод карданд .
Рустами Раҳматзода, ки аз соли 2019 раёсати ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифта , ҳам инак намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аст .
Гуфта мешавад, ки ин ҳизб  дорои  31 ҳазор узв аст.
Токунун раисони аҳзоби кишоварзӣ , сотсиалист ва Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ки ҳар се намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар ҳастанд , ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр муаррифӣ шудаанд .
Ба зудӣ дар конгресси аҳзоби халқи демукрат ва коммунист низ номзадҳои ми ин ду ҳизб барои ширкат  дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистони муаррифӣ хоҳанд шуд .
 Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 11 октбри 2020 баргузор ме‌шавад .