Август 25, 2020 09:03 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар иқтисоди Тоҷикистон

Кореяи Ҷанубӣ аз сармоягузорӣ дар тарҳҳои сохтмонӣ, саноат, энержӣ, технологиҳои иттилоотӣ ва иртиботии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон бо Анҷумани  технологии ҳушманди Кореяи Ҷанубӣ мавсум ба Кашома тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Бар асоси гузориши Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистог ҳам акунун беш аз 180 ширкати муътабари кореяӣ дар заминаҳои мухталифи аъзои анҷумани Кашома ҳастанд.

Имсол мақомоти тоҷик интизор доранд, ки мизони сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар ба 682 миллион доллар бирасад.

То кунун Чин сармоягузори аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

 

Барчасп