Ҳизби сотсиал демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон номзад муаррифӣ намекунад
Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон эълом кард, ки номзади интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар намешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳматуллоҳ Зоиров дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: Ба унвони шаҳрванди Тоҷикистон, фарзанди мардуми Тоҷикистон ва раиси Ҳизби сотсиал демократи ин кишвар, худро барои номзад шудан дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ намекунам.
Ба гуфтаи ин фаоли сиёсии тоҷикистонӣ, интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бо қонуни асосӣ нест.
Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон таъкид кард: Тасмим барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳам қабл аз мавъуди расмии муқаррар, ғайриқонунӣ аст.
Ӯ ҳамчунин ҷамъоварии 250 ҳазор имзо ба унвони шарти лозим барои номзад шудан дар интихоботро "ғайривоқеӣ ва душвор" хонд ва афзуд: 10 дарсад аз воҷидони шароит ва алоқамандони ҳузур дар интихобот наметавонанд ин таидияҳоро имзо кунанд зеро дар хориҷ аз кишвар ҳастанд.
То кунун чаҳор ҳизб аз ҳафт ҳизби сиёсии фаол дар Тоҷикистон намояндагони худро барои номзад шудан дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри 2020 баргузор мешавад.