Август 25, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • 
Боздошти як қаллоб  дар вилояти Суғд

Як корманди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Абдиев Тоҳир Ашуралиевич ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд.

Ӯ аз соли 2012 то 2020 ки ба унвони коршиноси хариду фурӯши замин дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кор мекард аз яке аз сокинони ин ноҳия ба номи Абдулҳакимов ҳудуи се ҳазор доллар дар ивази таҳвили як қитъа замин дарёфт карда буд.

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон алайҳи Тоҳир Абдиев тибқи моддаи 247-и қаллобӣ ва 338 хариди ғайриқонунии нақшаи қонуни ҷиноӣ парванда боз кардааст.