Имзокунандаи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон даргузашт
Аввалин Раиси девони олии Тоҷикистон аз замони истиқлол ва вазири собиқи додгустарӣ дар синни 89 солагӣ даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , тарихнигори машҳури тоҷик Камол Абдуллоев гуфт : Маҳмудов ду моҳи гузашта дар бистар буду бисёр заъиф шуда буд .
Шароф маҳмудов 23 феврали 1930 дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ба дунё омад .
Вай хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Фаъолияти меҳнатии худро Шариф Маҳмудов ба ҳайси судя дар ноҳияи Худжанд оғоз намуда, баъдтар муовини сардори адлияи Бустон гардид.
Вай инчунин узви Суди Олӣ (1962-1971) ва муовини вазири адлияи Тоҷикистон (1972-1978) буд.
Вай охирин раиси Суди Олии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва аввалин раиси Суди Олии Тоҷикистони соҳибистиқлол (1994-1994) аст, ки Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро имзо ва тасвиб кардааст. Пайкари Шариф Маҳмудов 25 август дар оромгоҳи Душанбе дафн карда шуд.