Лағви маросими ҷашни солгарди истиқлоли Тоҷикистон
Август 25, 2020 21:33 Asia/Dushanbe
Имсол солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо сабаби шуйюи вируси корона таҷлил намешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Азия плюс , бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона имсол маросими аслии рӯзи истиқлол рӯзи 9 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор намешавад .
Манобеи хабарии ҳукумати Тоҷикистон эълом карданд дар мавриди баргузории дигар ҷашнҳо низ риояти дақиқи шеваи номаҳои беҳдоштӣ зарурат дорад .
Пештар қарор буд рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлоли ин кишвар дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахт ҷашн гирифта шавад .