Лағви маросими ҷашни солгарди истиқлоли Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56851-Лағви_маросими_ҷашни_солгарди_истиқлоли_Тоҷикистон
Имсол солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо сабаби шуйюи вируси корона таҷлил намешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 25, 2020 21:33 Asia/Dushanbe
  • Лағви маросими ҷашни солгарди истиқлоли Тоҷикистон

Имсол солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо сабаби шуйюи вируси корона таҷлил намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Азия плюс , бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона имсол маросими аслии рӯзи истиқлол  рӯзи 9 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор намешавад .
Манобеи хабарии ҳукумати Тоҷикистон эълом карданд дар мавриди баргузории дигар  ҷашнҳо низ риояти дақиқи шеваи номаҳои беҳдоштӣ зарурат дорад .
Пештар қарор буд рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон  сиюмин солгарди истиқлоли ин кишвар дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахт  ҷашн гирифта шавад .