Кӯмаки молии 323 миллион долларии ройгони Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 26 Aug 2020 09:36:24 GMT )
Август 26, 2020 14:36 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки молии 323 миллион долларии ройгони Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон

Намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон аз кӯмаки молии 323 дорлларии ройгони ин ниҳод ба Душанбе дар се соли оянда хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Прадип Сривастава ҳадаф аз ин кӯмаки молӣ ба тоҷикистонро ҳимоят аз барномаи рушди раҳбурдии ин кишвар то соли 2030 унвон кард.

Вай гуфтааст, ки ин маблағ барои афзоиши маҳорати машоғил, тавсеаи бахши энержи, ислоҳи зерсохтҳо, иртиқои тавсеаи бахши молӣ ва мудирияти манобеи об дар нақшаҳои давлати Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Бонки рушди Осиё ҳамчунин дар назар дорад бо ин сармоягузорӣ аз тарҳҳои тавсеаи гардишгарӣ, беҳсозии ҷодаҳо, тавсеаи зерсохтҳои таъсисоти шаҳрӣ ва афзоиши муқовимат дар баробари балоёи табиӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ кунад.

Ҳамчунин бахше аз ин кӯмаки молӣ барои коҳиши таъсири густариши вируси корона дар иқтисоди Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки кӯмаки молии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон дар шакли вом ва ёрии ройгон дар соли 2020 ба 320 миллион доллар хоҳад  расид.

Ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол наздик ба ду миллиард доллар ба ин кишвар кӯмаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиардк 400 миллиони он ройгон аст.