Август 27, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти илмии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсиии тоҷикӣ”

Нишасти илмии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ин нишасти илмӣ ба муносибати  фаро расидани 700-солагии шоир дар пажуҳишгоҳи мероси хаттии Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Суханронон дар ҳамоиш Камоли Хуҷандиро яке аз бузургтарин шоирони тоҷик номиданд, ки дар байни шоирони ғазалсаро ҷойгоҳи вижае дорад.

Вай ҳамчунин ба осори шоирони маъруфе монанди Ҳофизи Шерозӣ, Салмони Соваҷӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ таъсир гузоштааст.

Раҳматзода, роҳбари Бунёди Камоли Хуҷандӣ ва Олим Хоҷамуродов-пажӯҳишгари фалсафа ва адабиёт низ дар ҳамоиш суханронӣ карданд.

Камолуддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф бо номи Шайх Камол ва Камоли Хуҷандӣ шоири асри ҳаштуми ҳиҷрӣ аст, ки дар Хуҷанд таваллуд шудааст, аммо пас аз ҳаҷ дар Табризи Эрон сокин шуд.

Камоли Хуҷандӣ дар соли 792 ҳиҷрӣ вафот кард ва оромгоҳи ӯ дар Табриз аст.

 

Барчасп