Август 27, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи 12 миллион тонна ангишт дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол

Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон аз истихроҷи 12 миллион тонна ангишт дар ин кишвар дар 29 соли истиқлол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Авеста, дар ин муддат истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон аз 313 ҳазор тонна дар соли 1991 ба ҳудуди ду миллиону 28 ҳазор тонна дар соли 2019 расид, ки заминаи таъмини ниёзи дохилӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсояро низ фароҳам сохт.

Аз сӯи дигар истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи имсол ба як миллиону 25 ҳазору 300 тонна расида, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 33 ҳазор тонна бештар мебошад.

Саҳми ширкатҳои давлатӣ дар истихроҷи ин миқдор ангишт 59.6 дарсад ва ширкатҳои хусусӣ 40.14 дарсад будааст.

Бар асоси эъломи Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон дар ин кишвар 200 марказ ва корхона аз ангишт ба унвони сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир аз маъдаҳои Фон-Яғноб, Шуроб дар вилояти Суғд, Нараилоқ дар минтақаи Рашт, Зидеҳ дар шимоли шаҳри Душанбе ва Сайёд дар дарраи Ромити шаҳристони Ваҳдат ангишт истихроҷ мешавад.

Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон ҳудуди се миллиард тонна аст.

Барчасп