Август 28, 2020 20:35 Asia/Dushanbe
  • Номаълум будани ширкати Раҳмон дар анҷумани интихоботии Ҳизби халқӣ - демократӣ

Раиси дафтари Ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон эълом кард, ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ин ҳизб дар конгресси рӯзи сеюми сентябр барои таъини номзади интихоботи раёсатиҷумҳурӣ мушаххас нест.

Ба гузориши “Спутник”, Абдураҳмон Хонов гуфтааст, ки ҳанӯз ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишасти ҳизбӣ, ки рӯзи сеюми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, қатъӣ нашудааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин нишаст ду мавзӯи нахуст мушаххас кардани номзади пешниҳодии Ҳизби халқӣ демократӣ барои интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол ва дувум барномаи интихоботии ин номзад мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Раиси дафтари Ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон пешниҳоди номзад барои ширкат дар интихоботи раёсатиҷумҳурии ин кишварро аз ихтиёроти конгресси ҳизбӣ унвон кард.

Ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 фаъолият мекунад ва дорои 500 ҳазор узв аст.

Ин ҳизб номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоботи раёсатиҷумҳурии солҳои 1999, 2006 ва 2013 пешниҳод карда буд.

То ба ҳол раисони ҳизбҳои сотсиалист, демократ, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳастанд, аз сӯи конгрессҳои ҳизбӣ ба унвони номзади интихоботи раёсатиҷумҳурии моҳи ноябри ин кишвар пешниҳод шудаанд.

Ҳизби сотсиал демократ аз ширкат дар ин интихобот даст кашидаву ҳизби коммунист дар конгресси хеш дар рӯзи панҷуми сентябр Меъроҷ Абдуллоев, раиси ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистонро ба унвони номзад пешниҳод хоҳад кард.

 

Барчасп