Интиқодҳои номзади Ҳизби Демократии Тоҷикистон ба мудирияти иқтисоди кишвар
Номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр хостори тағйир ва ислоҳи мудирияти иқтисодии Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ , Саидҷаъфар Усмонзода раиси ҳизби Демократ ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар ташреҳи барномаи интихоботии хеш гуфтааст, ки мудирияти иқтисоди Тоҷикистон нокоромад асту бояд мавриди ислоҳ ва тағйир қарор гирад .
Вай мӯътақид аст, ки ҳатто дар шароити феълии Тоҷикистон заминаи истифодаи беҳина аз тиҷорат вуҷуд дорад, ки метавонад мӯҷиби вориз шудани манобеи бештари молӣ ба буҷети ҳукумат шавад ва аз ин ҳисоби ҳуқуқи бознишастагону ақшори осебпазири ҷомеа низ афзоиш ёбад .
Ба гуфтаи Усмонзода яке аз ин имконот бозори фурӯши телефон мобилӣ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон даромади калон дорад, аммо бинобар идораи бесамари манбаъҳои молиявӣ аз тиҷоратии телефонҳои мобилӣ, ба буҷа маблағи кам ворид мешавад.
Раиси ҳизби Демократ номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон хомфурӯшии маодину фулуззотро яке дигар аз нақсҳои мудириятӣ дар иқтисоди ин кишвар медонад, ки марокизи санъатии машғул ба истихроҷи ин маҳсулоти молиёти ночизе ба буҷет ҳукумат пардохт мекунанд .
Вай яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъмини инҳисори давлат бар бархе аз бахшҳо, аз ҷумла воридоти дору карду гуфт : вогузории ин навъи тиҷорат ба бахши хусусӣ нишон дод мудирони ин ширкатҳо танҳо дар фикри пур кардани ҷайби хеш ҳастанду саломатии ҷомеа барои онон аҳамияте надорад .
Усмонзода афзуд : ин иттифоқ дар бораи аксар аз корхонаҳои санъатӣ низ рух дода ва бахши хусусӣ бо тағйири корбарии ин марокиз ва ихроҷи коргарон амалан тавлидро мутаваққиф карда рӯ ба тиҷорат оварда аст .