Сентябр 04, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли дувумин маҳмулаи кумакҳои доруии Эрон ба Тоҷикистон

Эрон 2. 5 тон дору ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии исломии Эрон дувумин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи доруии худро, ки шомили дамосанҷи тиббӣ, маҳлули зиддиуфуникунанда ва таҷҳизоти ташхиси пизишкӣ буд, ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ин кумакҳо бо як фарванд ҳавопаймои ширкати “Кеш Эйр” ба Тоҷикистон мунтақил шуд.

Ҳамчунин илова бар маҳмулаи кумакҳои пизишкӣ, 102 нафар низ, ки 59 нафар аз онҳо аз шаҳрвандони тоҷик ва бақия эронӣ буданд, бо ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон сафар карданд.

Ин парвоз дар масири бозгашт аз Тоҷикистон низ 63 нафарро, ки 42 нафари онҳо эронӣ ва бақия тоҷик буданд, ба Эрон мунтақил кард.

Аввалин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон 12 май аз Машҳад ба Тоҷикистон ирсол шудааст.

 

Барчасп