Сохти мактабе русизабон дар Бохтар
Русия дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мактаб месозад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин воҳиди омӯзишӣ имкони пазириши ҳазору 200 донишомӯзро дорад.
Баррасии раванди сохти ин муассисаи омӯзишӣ дар дидори Сироҷиддин Салимзода, шаҳрдори Бохтар бо Игор Бурлаков, намояндаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Шаҳрдори Бохтар дар ин дидор аз ҳимоят аз намояндаи Сафорати Русия барои сохти ин муассисаи омӯзишӣ қадрдонӣ ва ибрози умедворӣ кард, ки ин гуна иқдомот дар оянда бештар мешаванд.
Игор Бурлаков, намояндаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳам гуфт, Русия омодагӣ дорад то ҳамкориҳоро дар ҳамаи бахшҳо бо Тоҷикистон афзоиш диҳад.
Вай қавли мусоид дод, ки ин муассисаи омӯзишӣ дар мавъиди муқарар баҳрабардорӣ мешавад.
Тавофуқномаи имзошуда байни мақомоти Тоҷикистон ва Русия барои сохту таҷҳизоти мактабҳа дар манотиқи Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода 15 январ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд.
Бар асоси омори Вазорати омӯзиш ва улуми Тоҷикистон, бист ҳазору 955 донишомӯз дар 32 мактаби таҳти низоми омӯзишии Русия дар кишвари Тоҷикистони машғули таҳсил ҳастанд.
Ҳамчунин 72 ҳазор донишомӯз низ дар 170 мактаби миёна умумӣ бо низоми омӯзишии муштараки тоҷикӣ -рӯсӣ дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
48 муаллими русизабон ҳам дарсҳои мухталифро дар ин макотиб омӯзиш медиҳанд.