Коҳиши бемории куруно дар Тоҷикистон
Ба зуддӣ теъдоди мубталоён ба куруно дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.
Ба гузориши Спутник, Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ба намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт, бемории куруно дар Тоҷикистон контрол шудааст ва ба зуддӣ теъдоди мубталоён коҳиш хоҳад ёфт.
Гурӯҳе аз ниҳоди саломати мардум ва ҳимоият аз ҳуқуқи масрафкунандагони Русия (Роспотребнадзор) яку ниммоҳ пеш вориди Тоҷикистон шуд.
Яке аз вазоифи ин гурӯҳ тақвияти зарфияти озмоишгоҳи Тоҷикистон аст.
Семёнов гуфт, тавони озмоишгоҳии Тоҷикистон дар яку ними гузашта дуву ним баробар шудааст, агар дар моҳи май дар шаҳри Душанбе 500 то 600 озмоиш дар рӯз анҷом мешуд, акнун дар Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ ва Бохтар ҳар рӯз ҳудуди 2 ҳазору 500 озмоиш гирифта мешавад.
Александр Семёнов афзуд, бояд ин теъдод озмоиш дар рӯз ба чаҳор ҳазору 500 то панҷ ҳазор озмоиш бирасад.