Баста шудани таваллудхонаи маркази вилояти Суғд ба далели вируси корона
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57173-Баста_шудани_таваллудхонаи_маркази_вилояти_Суғд_ба_далели_вируси_корона
Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд ба далели мушоҳидаи ду мавриди ибтило ба Ковид-19 ба муддати ду ҳафта баста шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 06, 2020 09:49 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани таваллудхонаи маркази вилояти Суғд ба далели вируси корона

Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд ба далели мушоҳидаи ду мавриди ибтило ба Ковид-19 ба муддати ду ҳафта баста шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , тайи ин муддат дар ин маркази дармонӣ умури марбут ба дезинфексия анҷом мешавад .
Дилором Додобоева  муовини мудири таваллудхонаи марказии вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар гуфтааст, озмоиши Ковид-19 ду зан, ки барои таваллуд ба ин маркази дармонӣ мунтақил шудаанд , мусбат эълом шуд ва тасмим ба ду ҳафта баста шудани ин бемористон гирифта шуд .
Вай аз интиқоли 40 зан аз ин таваллудхона ба сойири бемористонҳои шаҳри Хуҷанд хабар додааст .
Ин дарҳоле аст, ки қаблан аз фавти Шоира  Бузургова мудири таваллудхонаи маркази вилояти Суғд  бар асари бемории Ковид - 19 дар моҳи июли соли ҷорӣ хабарҳое мунташиршуда ва он замон низ ин маркази дармонӣ ба муддати ду ҳафта баста шуд .