Таъкиди номзади ғайриҳизбии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар вуруд ба рақобатҳои интихоботӣ
(last modified Sun, 06 Sep 2020 07:10:45 GMT )
Сентябр 06, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди номзади ғайриҳизбии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар вуруд ба рақобатҳои интихоботӣ

Вакили мудофеи ҷавони Хоруғӣ, ки худро ҳамчун номзади мустақили Тоҷикистон дар интихоботи раёсати Чумҳурии Тоҷикистон имсол пешбарӣ кардааст, пас аз музокирот бо мақомоти ҳукумати маҳаллӣ гуфт, ки талошҳояшро барои сабти ном ва ширкат дар интихобот идома хоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ , Фаромуз Иргашов, ки пас аз эъломи номзадии худ дар интихобот аз сӯии  мақомоти ҳукумати маҳаллӣ фарохонда шуд гуфта аст, ки мақомоти вилояти Бадахшон нигарон будаанд, ки гурӯҳҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз номзадии вай барои расидан ба аҳдофи худ истифода кунанд .
Вай ба мақомоти маҳаллӣ итминон додааст, ки номзади мустақил асту ба ҳеч ҳизбу гурӯҳи сиёсӣ вобаста нест .
 Фаромаруз Иргашов муддаӣ аст, ки то ба ҳол муваффақ шудааст 48 ҳазор имзо аз 250 ҳазор имзои  мавриди ниёзро барои сабти ном ба унвони номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистони ҷамъоварӣ кунад ва ба зудӣ ин ҳади насобро пушти сар хоҳад гузошт .
Вай меҳвари аслии барномаи интихоботии худро мубориза бо беадолатии иҷтимоӣ ва фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон унвон кардааст .
Қонуни интихоботи раёсати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон  пешниҳоди номзадҳоро танҳо аз тариқи аҳзоби сиёсӣ , иттиҳодияҳои синфӣ ва Созмонҳои иҷтимоии муҷоз медонад .
Бо ин ҳоли Фаромуз Иргашови 30 сола мӯътақид аст, ки ин қонун ба сароҳати пешниҳоди номзадҳои мустақилро барои ширкат дар интихоботи раёсати Ҷумҳӯурии Тоҷикистон мамнӯъ намекунад .