Сентябр 08, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон дубора бемористонӣ шуд

Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон, ки як ҳафта қабл ва пас аз як моҳ дармони бемории илтиҳоби шуш аз бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе мураххас шуда буд, дубора ба иллати хунрезии гуворишӣ дар маркази дармонии Истиқлол бистарӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, манобеъи бемористони Истиқлол гуфтаанд, ки хунрезии меъдаи генерал Мансурҷон Умарови 53 сола қатъ шуда ва авзоъи саломатии вай рӯ ба беҳбуд аст.

Гуфта мешавад, ки вай пас аз ширкат дар ҷашни арӯсии яке аз дӯстонаш дар авоили моҳи августи гузашта ба бемории илтиҳоби шуш мубтало шуда ва як моҳ таҳти назорати пизишкон дармон шуда буд.

Ин дар ҳоле аст, ки Носир Умаров- бародари раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ва корманди ширкати давлатии Барқи тоҷик шаби панҷуми моҳи майи имсол бар асари бемории илтиҳоби шуш дар бемористони шаҳри Душанбе фавт карда буд.

Генерал Мансурҷон Умаров, ки қаблан дар мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият мекард, дар моҳи ноябри соли 2018 пас аз шуриши хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд ба симати раёсати созмони зиндонҳои ин кишвар мансуб шуд.

 

Барчасп