Сентябр 09, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Бадахшон: оинаи дурахшони пешрафт дар даврони истиқлоли Тоҷикистон

Вилояти Бадахшон дар 29 соли истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои иқтисодӣ, омӯзиши, фарҳангӣ ва иҷтимоии фаровоне даст ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл  аз сомонаи Ховар , Зоҳири Қодиров корманди аршади фарҳангистони мудирияти давлатии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки акнун 97 дар сади вилояти Бадахшони аз неъмати барқ  баҳраманд асту сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди барқӣ- обии Себзору Санобод ба зарфияти энержии ин минтақаи кӯҳистонӣ хоҳад афзуд .
Қодиров аз сохти 180 мактаби ҷадид барои 25 ҳазор донишомӯз дар вилояти Бадахшон дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ёд карда ва афзудааст акнун 4 ҳазор нафар аз ҷавонони ин минтақа дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ машғӯли таҳсил ҳастанд .
Ба гуфтаи вай , сохт 373 километри роҳи ҷадид ба арзиши беш аз 2 миллиард сомонӣ ва бозсозии масири иртиботӣ бо Чин бо сармоягузорӣ 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ интиқоли коло ва мусофирро осон кардааст . 
Қодиров сохти панҷ  пули иртиботӣ бо Афғонистону таъсиси бозорчаҳои марзии муштарак бо ин кишварро аз дигари иқдомот анҷомшуда дар ин муддат донист, ки дар иштиғолзоӣ ва рушди тиҷорат аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад .
Корманди аршади фарҳангистони мудирияти давлатӣ афзуд : боғи миллии Бадахшон, ки 60 дар сад аз қаламрави ин вилоятро дарбар мегирад , ба далели табиати зебо, гунаҳои ҷонварӣ ва гиёҳони нодир дар соли 2013 дар феҳристи осори ҷаҳонии созмони Юнеско ба сабт  расид .
 

Барчасп