Сентябр 09, 2020 19:54 Asia/Dushanbe
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкории додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон ниҳоӣ мешавад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури ниҳоӣ кардан ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни додситонии кулли кишвараш ва додситонии кулли Ҷумҳурии Исломии Эронро содир кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон ба додситони кулли Тоҷикистон дастур додааст, ки бо баррасии матни ниҳоии ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни додситониҳои кулли ду кишвар, бо тавофуқ бо Теҳрон замон ва макони имзои ин санади ҳуқуқиро фароҳам созад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре буд, ки дар соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ду кишвар дар ин солҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба созишномаҳои зиёде имзо кардаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали ӯ дирӯз ва имрӯз дар паёмҳое ба Эмомалӣ Раҳмон ва Қоҳир Расулзода, фаро расидани бистунуҳумин солгарди истиқлолро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфтанд.

 

Барчасп