Шиносоии 39 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон
Бо шиносоии 39 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон, шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба ҳашт ҳазору 899 нафар расид.
Ба гузориши маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар сабт нашудааст.
Бар ин асос, то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи нуҳуми сентябри соли 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳамон 70 нафари қаблӣ аст.
Аз ҳашт ҳазору 899 бемори мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ҳафт ҳазору 683 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 93 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид -19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 33 бемор низ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.