Сентябр 10, 2020 15:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни ҳиндӣ ва покистонӣ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Шанхай дар Москва ба таври ҷудогона бо ҳамтоёни ҳиндӣ ва покистонии худ дидор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи дидорҳояш дар Москва ба таври ҷудогона бо Subrahmanyam Jaishankar ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазирони хориҷаи Ҳинд ва Покистон мулоқот кард.

Дар дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд тавсеаи бештари равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва низомӣ - фаннӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин мулоқот Муҳриддин аз тарафи ҳиндӣ барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар муқобила бо вируси куруно изҳори ташаккур кард.

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Покистон низ аз сатҳи кунунии таомулоти сиёсӣ ибрози ризоят шуд ва дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мавриди алоқаи тарафайн низ табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин иҷроӣ ба мавқеи проекти КАСА 1000 мавриди таваҷҷуҳи вижаи сарони ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Покистон қарор гирифт.

Вазирони умури хориҷаи Ҳинд ва Покистон дар ин мулоқотҳо ба ҳамтои тоҷик худ ба муносибати 29-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз бо Чингиз Ҳайдарбеков, вазири умури хориҷаи Қирғизистон низ дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Барчасп