Сентябр 12, 2020 11:03 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз се тарҳи умронӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Саразм

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ширкат дар ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм ба ноҳияи Панҷакент, вилояти Суғд рафтааст имрӯз се тарҳи саноатӣ, хадамотӣ ва гардишгариро дар ин минтақа ифтитоҳ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз пас аз вуруд ба ноҳияи Панҷакент аз корхонаи тавлиди санги мармар мавсум ба "Мармари Саразм" баҳрабардорӣ кард.

Бо фаъолияти ин корхона, ки маводи хом ва аввалияи мавриди ниёзи он ба фаровонӣ дар ноҳияи Панҷакент вуҷуд дорад заминаи иштиғоли 30 коршиноси маҳаллӣ фароҳам мешавад.

Ҳамчунин бо ҳузури Раҳмон сохтмони ҷадиди бемористони марказии ин минтақа бо 200 кати бемористонӣ  гушоиш ёфт.

Баҳрабардорӣ аз моҳмонхонае бо 24 утоқ аз дигар барномаҳои имрӯзи сафари Раҳмон ба шаҳри бостонии Саразм буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафар бо фаъолияти ширкати мавсум ба " Маърифатпарвар", ки дорои корхонаҳои фароварии мева, коргоҳҳои дӯзандагӣ, анбори мева ва сабзавот ва марокизи омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ аст ошно шуд.

Ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм имрӯз ва фардо (12 ва 13 сентябр) баргузор мешавад.

 

 

Барчасп