Сентябр 12, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон имзоҳои заруриро ҷамъ карданд

Намояндагони панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар кадоми онҳо барои сабти номи номзадҳо ба интихоботи 11 октябр беш аз 260 ҳазор имзо ҷамъ оварданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи , намояндагони ҳизбҳои Демократ , коммунист , сотсиалист , кишоварзӣ ва Халқӣ- Демократӣ эълом карданд, ки беш аз 260 ҳазор имзои  мавриди ниёз барои сабти номи номзадҳои хешро ҷамъоварӣ кардаанд .
Намояндагони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳануз теъдоди имзои  ҷамоварӣ шуда барои сабти номи Рустам  Раҳматзода  раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистонро эълом накардаанд .
Токунун раисони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, ки ҳамагии онон ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон  намояндаи маҷлиси қонунгузорӣ ҳастанд .
Бар асоси гузориши камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон , то рӯзи 15 сентябр  асноду мадорики номзадҳо барои сабти ному эътоии муҷаввизи ширкати онон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 11 октябри баррасӣ хоҳад шуд .

Барчасп