Сентябр 13, 2020 11:03 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Саразм ҳавзаи муштараки бостонии Эрон, Афғонистон ва Ҳинд аст

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, шаҳри Саразм, ҳавзаи бостонии муштараки Эрон, Афғонистон ва Ҳинд ба ҳисоб меояд, ки ҳанӯз ҳам ниёз ба баррасӣ ва ковиш дорад.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ширкат дар ҷашни 5 ҳазору 500 солагии шаҳри бостонии Саразм ба ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд рафта аст дар ҳамоиши "Саразм - оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунар ва шаҳрсозии тоҷикон" афзуд, шаҳри бостонии Саразм дар соли 1974 аз сӯи Абдуллоҷон Исҳоқов, бостоншиноси тоҷик кашф шуд ва донишмандони рус, олмонӣ, фаронсавӣ, итолияёӣ, амрикоӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қидмати 5 ҳазору 500 солаи онро бо таҳқиқоти илмӣ дар бузургтарин марокизи Русия, Фаронса ва Амрико таъйид кардаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба сабти шаҳри Саразм дар соли 2010 дар феҳристи осори ҷаҳонии созмони ЮНЕСКО гуфт, дар пайи ковишҳои анҷом шуда дар Саразм 150 хона, чаҳор маъбади зартуштӣ, як анбор, бӯстонсаро ва 300 навъ осор ва ашёъи  қадимӣ ба даст омадааст, ки тамоми ин осор нишон медиҳад, мардуми Саразм аз ҳунари шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва доштани корхонаҳои зуби оҳан, мис ва тавлиди тилло ва нуқра бархӯрдор будаанд.

Шаҳри бостонии Саразм дар 15 километрии ғарби маркази ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва 45 километрии шаҳри Самарқанд дар пайи ковишҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд.

Ашёъи бостонии ба даст омада аз ин муҳавватаи бостонӣ, ки теъдоде аз онҳо мутааллиқ ба даврони Ҳахоманишӣ аст дар мӯзеи шаҳри Панҷакент ва Мӯзеи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Ҷашни 5 ҳазору 500 солагии шаҳри бостонии Саразм 11 ва 12 сентябр бо мушорикати донишмандони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

 

Барчасп