Пешбинии мақоми тоҷик аз натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии имсол дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 13 Sep 2020 06:36:40 GMT )
Сентябр 13, 2020 11:36 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии мақоми тоҷик аз натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии имсол дар Тоҷикистон

Муовини пешини Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябри имсол такрори ҳамон авзои ҳафтсоли қабл хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Сайфуллоҳ Сафаров афзуд, бояд воқеъбин буд, ки ҳеҷ як аз номзадҳои муаррифӣ шуда аз шаш ҳизби сиёсии фаъол дар Тоҷикистон, ки ҳамагии намояндаи маҷлиси қонунгузори ин кишвар ҳастанд, аз ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор нестанд ва тавони рақобат бо раисиҷумҳури феълиро дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр надоранд.

Муовини пешини Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, натоиҷи орои бархе аз ин номзадҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 ҳам нишон дода буд, ки ҷойгоҳи аҳзоби онон ва шахси худашон дар ҷомеаи Тоҷикистон чигуна аст.

Сафаров гуфт, аммо интихоботи раёсатҷумҳурии имсол як вижагии муҳим дорад, ки ҷойгоҳи воқеии аҳзоби сиёсии ин кишвар ва эътибори номзадҳои пешниҳодшударо мушаххас хоҳад кард.

Токунун раисони ҳизбҳои демократ, коммунист, сотсиалист, кишоварзӣ, халқӣ-демократӣ ва исилоҳоти иқтисодӣ ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, ки ҳамагии онон ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Маҷлиси қонунгузори ин кишвар ҳастанд.