Имкони овоз додан барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар панҷ шаҳри Русия
(last modified Mon, 14 Sep 2020 07:02:13 GMT )
Сентябр 14, 2020 12:02 Asia/Dushanbe
  • Имкони овоз додан барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар панҷ шаҳри Русия

Сафири Тоҷикистон дар Маскав эълом кард шаҳрвандони тоҷик дар Русия дар панҷ шаҳри ин кишвар дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр ширкат хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомиддин Сатторов гуфтааст, ки рӯзи 11 октябри 2020 шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар шаҳрҳои Маскав, Санктпетербург, Уфа, Экатеринбург ва Новосибирск дар сохтмони сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон овози худро ба сандуқҳо хоҳанд рехт.

Вай таъкид кардааст, ки тамомии шаҳрвандони тоҷики муқими Русия ва коргарони муҳоҷир аз ҳаққи овоз додан дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр бархурдор ҳастанд.

Ба гуфтаи Сатторов комиссияи марказии интихоботи Русия барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба сафорати ин кишвар дар Маскав кумаки зиёде кардааст, ки заминаи шаффоф ва демократик будани ин рақобатҳоро фароҳам месозад.

Вай мӯътақид аст, ки пешниҳоди комиссияи марказии интихоботи Русия барои овозгирии интернетии интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба далели густариши вируси корона бисёр ҷолиб аст ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин мавзӯъро баррасӣ хоҳад кард.