Эътои гувоҳномаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон гувоҳномаи номзадҳои интихоботи раёсати Ҷумҳурии ин кишварро ба 5 нафар номзади сабтиномшуда супорид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Бахтиёр Худоёрзода раиси комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон имрӯз гувоҳномаи 5 номзади сабтшуда дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо супорид.
Бар ин асос Имомали Раҳмон номзади ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Латифзода номзади ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сосиалистӣ, Рустам Раҳматзода номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон гувоҳномаи номзадӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11 октябрро дарёфт карданд.
Тибқи қонуни интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аҳзоби сиёсии фаол, Иттиҳодияҳои синфӣ ва Созмони ҷавонони ин кишвар ҳаққи муаррифии номзад дар интихоботро доранд ва афроди ғайри ҳизбӣ наметавонанд номзад шаванд.