Сентябр 21, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳадяи Бонки Рушди Осиё ба кормандони тибби Тоҷикистон

Бонки Рушди Осиё барои муқобила бо вируси корона 12 тан либоси ҳифозатии пизишкӣ ба кодри дармонии Тоҷикистон эҳдо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии  Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс , ин кӯмакҳо шомили 22 ҳазор даст  либоси ҳифозатӣ , 8 ҳазор рупӯшу 175 ҳазор ҷуфт  рӯкаши кафш аст ки аз кишвари Камбоҷа  харидорӣ ва ба кодри дармонии Тоҷикистон эҳдо шудааст .
Ин дувумин маҳмулаи либосҳои ҳифозатии пизишкӣ аст, ки ба Тоҷикистон мунтақил мешавад .
Маҳмулаи нахусти ин либосҳо дар моҳи июл ба арзиши наздик ба як миллион доллар харидорӣ ва дар бемористонҳои Тоҷикистон тавзиъ шуд .
Бонки Рушди Осиё дар оянда низ ду маҳмулаи дигар аз либосҳои ҳифозатии пизишкиро ба Тоҷикистон  ирсол хоҳад кард .
Бонки Рушди Осиё эълом кардааст, ки дар се марҳала ба Тоҷикистони кӯмакҳои молии ройгон ихтисос додааст .
 50 миллион доллар аз ин кӯмакҳо ба манзури ҳимоят аз буҷети ҳукумат  бобати кӯмак ба кодри дармонӣ , 2 миллиону 500 ҳазор доллар бо ҳадафи муқобила бо балоёи табиӣ  ва 100 ҳазор доллар низ барои барномаи ҳифозат аз саломатии модару кӯдак  ҳазина хоҳад шуд .

Барчасп