Июл 24, 2016 12:24 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки молӣ барои коҳиши паёмадҳои зистмуҳитии партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

Заминаи кӯмаки 16 миллион евроӣ барои коҳиши паёмадҳои зистмуҳитии партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сӯи Иттиҳоди Аврупо фароҳам шудааст.

Дар нахустин нишасти кишварҳои кӯмаккунанда барои коҳиши паёмадҳои зистмуҳитии партовҳои ҳастаӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, таҳти раёсати Иттиҳоди Аврупо бо ихтисоси 16 миллиону 500 ҳазор евро ба Тоҷикистон ва Қирғизистони мувофиқат шуд.

Ба гузориши сойти CA News, дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ин нишаст бо баррасии авоқиби ногувори таъсири партовҳои дафн шудаи ҳастаӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон ки аз даврони Шуравӣ боқӣ мондааст, тасмим ба ихтисоси кӯмаки молии 16 миллион евро барои коҳиши таъсири зист муҳитии ин мавод гирифта шуд.

Бар асоси ин гузориш, ин кӯмаки молӣ аз сӯи Бонки рушд ва бозсозии Аврупо, барои коҳиши паёмадҳои зист муҳитии ду макони дафни партовҳои ҳастаӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва се макон дар Қирғизистон, ихтисос дода хоҳад шуд.

Комиссиони Аврупо таъкид кардааст, ки ин кӯмаки молӣ барои ҳифозат аз маконҳоии дафни партовҳои ҳастаии боқӣ монда аз даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳазина хоҳад шуд, ки метавонад дар сурати вуқуъи ҳаводиси ғайримунтазира хисороти сангине барои саломатии шаҳрвандон ва муҳити зисти ин ду кишвар ворид кунад.