Фармони Эмомалӣ Раҳмон барои тағири мудирияти Ожонси мубориза бо фасод дар ҳар се сол
(last modified 2020-09-23T15:33:29+00:00 )
Сентябр 23, 2020 20:33 Asia/Dushanbe
  • Фармони Эмомалӣ Раҳмон барои тағири мудирияти Ожонси мубориза бо фасод дар ҳар се сол

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонро дар бораи тағир додани роҳбарияти Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи молиявӣ дар ҳар се сол ба имзо расонид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи  Спутник , бар асоси фармони Эмомалӣ  Раҳмон акнун ҳар се сол  раис , мудирон ва муовинони Агентии  давлатии мубориза бо фасоди молии кишвар тағйир мекунанд .
Ҳадаф аз ин иқдом  ҷилавгирӣ аз фасоди молӣ ва сӯиистифодаи мудирон аз мавқеияти шуғлии хеш унвон шудааст .  
Дар ин фармон таъкид шудааст, ки ҳангоми тағйири раис , мудирон ва муовинони агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон  назари ин афрод муҳим нахоҳад буду онон метавонанд ҷойгузини якдигар шаванд .
 Соҳаи муҳим дар ин тағирот шаффофияти шахсони алоҳида ва муносибати онҳо бидуни ҳадафи марбут ба фасоди молӣ хоҳад буд.
Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар соли 2007 бо ҳадафи мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ бо фармони Эмомалӣ  Раҳмон таъсис шуд .