Сентябр 26, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Лату куби ду корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Як аз коргарони муҳоҷири 38 солаи тоҷик ду корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскавро ба баҳонаи бадрафторӣ бо вай, мавриди  лату куб қарор додааст.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, пулиси Маскав ин фардро боздошт карда ва акнун бозҷуӣ аз вай оғоз шудааст.

Ин фард дар бозҷуӣ гуфтааст, ки ба манзури сабти ном барои дарёфти билети ҳавопаймо бо ҳадафи базгашт ба Тоҷикистон, ки бар асоси феҳристи сафорат содир мешавад ба ин маҳал омад, ки кормандони он ба ҳарфи вай гӯш надода ва бархӯрди бисёр номуносиб доштаанд, ки мӯҷиби даргирӣ бо онон шудааст. Гуфта мешавад, ки яке аз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо шикастагии бинӣ ва ангушти дасти рост дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ба далели бекор шудани теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар пайи густариши вируси куруно ва таътилии марокизи санъатӣ  ва тиҷории ин кишвар бозгашти ин афрод ба Тоҷикистон ба иллати камбуди парвозҳо ва баста шудани марзҳои заминӣ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп