Сентябр 28, 2020 22:28 Asia/Dushanbe
  • Гузориши комиссияи интихоботи Тоҷикистон ба нозирони аврупоӣ

Раиси комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар дидор бо нозирони эъзомии дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо гузоришеро аз омодагии ин кишвар барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11 октябр ироа кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Бахтиёр Худоёрзода дар ин дидор гуфтааст, ки шароит барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи ёздаҳуми октябр фароҳам шудааст ва нозирони байналмилалӣ аз ҷумлаи намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо метавонанд бо ин раванд аз наздик ошно шаванд .
Вай таъкид кардааст, ки барои баргузории интихоботи шаффофу демократик дар Тоҷикистон ва иттилорасонӣ ба раъйдиҳандагон дар бораи шароити хоси  ин давра аз интихобот бо тавваҷӯҳ ба густариши вируси корона ва лузуми мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ, кори зиёде анҷом ва ба ин манзур аз кӯмаки 10 ҳазор довталаб истифода шудааст .
 Ивлина Робинсон, роҳбари миссияи нозирони интихоботии САҲА / ДИДҲБ дар Тоҷикистон низ изҳори умедворӣ кард, ки озмун дар фазои демократӣ ва озод баргузор хоҳад шуд.
Созмони Амнияти ҳамкории Аврупо, ки аз соли 2006 бар раванди баргузории интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон назорат дорад ҳеч як аз интихоботи гузаштаро шаффофу мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалии мавриди назари ин созмон надониста аст .
Дар солҳои ахир низ ихтилофи назари Тоҷикистон ва Созмони Амнияти ҳамкории Аврупо дар бораи мухолифони сиёсии ҳукумати Душанбе шиддат ёфта ва фаъолияти ин созмон дар Тоҷикстон маҳдӯд шудааст .

Барчасп