Маҳдуд мондани истифода аз зарфияти картаҳои бонкӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 29 Sep 2020 06:44:00 GMT )
Сентябр 29, 2020 11:44 Asia/Dushanbe
  • Маҳдуд мондани истифода аз зарфияти картаҳои бонкӣ дар Тоҷикистон

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки бештари дорандагони картаҳои бонкӣ дар Тоҷикистон аз ин абзор барои гирифтани пул истифода мекунанд .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷвек ,шумори дорандагони картаҳои бонкӣ дар Тоҷикистон дар моҳи сентябр ба 2 миллиону 600 ҳазор нафар расида, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш 23 дарсад бештар аст.

  Дар ҳашт моҳи гузашта дорандагони ин картаҳо ба мизони 13 миллиарду 300 миллион сомонӣ амалиёти бонкӣ анҷом додаанд, ки 12 миллиарду 200 миллион сомонии он гирифтани пул аз ҳисоб буда аст.

 Бар ин асос ба сурати мустақим аз картаҳои бонкӣ танҳо ба мизони як миллиарду сад миллион сомонӣ барои пардохти хароҷоти  хадамот ва харид истифода шуда аст .

 Дар Тоҷикистон ҳамакнун ҳазору сад дастгоҳи худпрдоз ва мийдори зиёди марказҳои пардохт дар фурӯшгоҳҳои бузурги ин кишвар фаъол аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 47 дарсад афзоиш ёфта аст .

  Ҳарчанд ки давлати Тоҷикистон ду сол қабл қонуни истифода аз картаҳои бонкӣ ва пардохтҳои ғайринақдиро маҷбурӣ кард, ҳануз ҳам дар ин замина мушкилоти зиёде вуҷуд дорад Нотавонии бонкҳо дар бозпардохти супурдаҳои муштариён сабаб шуда аст,ки бештари мардум пулҳои худро дар хона нигаҳ доранд ва нақдӣ хариду фуруш кунанд.