Сентябр 29, 2020 19:50 Asia/Dushanbe
  • Баргузории комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Ҳафтумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин нишаст, ки ба раёсати Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орифов нахуствазирони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баргузор шуд, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар  мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Тарафҳо дар ин нишаст  мавзӯъоти тавсеъаи тиҷорати дуҷониба, тарҳҳои сармоягузории муштарак, густариши муносибот дар заминаи ҳамлу нақл ва иртиботот , гумрук , гардишгарӣ , обу энержӣ ва равобити байни манотиқи марзиро баррасӣ карданд .
Дар ин нишаст таъкид шуд, ки дар шаш моҳи нахусти имсол  муомилоти тиҷории ду кишвар ба 217 миллион доллар  расид, ки бо вуҷуди густариши вируси корона  дастоварди муҳимме ба ҳисоб меояд .
Ҳамчунин нишасти муштараки фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба раёсати Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар ин  ҳамоиш чанд созишномаи  ҳамкорӣ низ имзо гардид .

Барчасп