Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон
Ҳамоиши бозаргононии Тоҷикистон ва Узбакистон бо имзои 15 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодии гуногун дар Душанбе баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси эъломи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ин асноди ҳамкорӣ ба арзиши 50 миллион доллар тақрибан тамомии заминаҳои ҳамкории иқтисодиро пушиш медиҳад .
Ин ҳамоиш дар чорчуби ҳафтумин нишасти Комиссиони байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон бо ширкати беш аз 300 нафар аз раисони ниҳодҳо, ширкатҳо ва созмонҳои давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусии ду кишвар барпо шуд.

Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш ҳамчунин бо дигар ҳавзаҳои сармоягузорӣ ва фурсатҳои гардишгарӣ, саноатӣ, энержӣ ва хадамот ошно шуданд ва низ тарҳҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ карданд.