Октябр 01, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Сарҳанги тоҷик низ дар феҳристи таҳрими Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифт

Шуморе аз мақомоти Белорус ба далели саркуби эътирозоти мухолифон ба натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳӯрии ин кишвар дар феҳристи таҳримҳои Аврупо қарор гирифтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , дар ин феҳрист номи сарҳанг  Хазалбек Атобеков-мутаваллиди Тоҷикистон ва муовини фармондеҳи нерӯи интизомии Беларус низ мушоҳида мешавад .

 Вай ки тоҷик аст, пас аз поёни давраи донишҷуӣ дар Донишгоҳи олии низомии Беларус дар соли 1990 дар мақомҳои мухталифе дар неруи интизомии ин кишвар фаъолият  карда аст. Ӯ дар соли 2018 ба мақоми муовини фармондеҳи нерӯи интизомии Беларус мансуб шуда аст .

Акнун ки Иттиҳодияи Аврупо ба баҳонаи поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои мухолифони давлати Беларус номи 12 мақоми ин кишвар аз ҷумла Александр Лукашенко-раиси ҷумҳуриро дар феҳристи таҳримҳои хеш қарор дода , сарҳанги тоҷик низ шомили ин руйхат  шуда аст.

 Комиссиюни марказии интихоботи Беларус эълом кард, ки бар асоси шумориши овозҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар рӯзи 9 августи соли ҷорӣ  Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии феълӣ бо касби 79 дарсади оро пирӯз шуда, ки бо эътирозоти мухолифон ру ба ру гардид.

 

Барчасп